Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в городе
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 45 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар давоми 24 соати гузашта, 89 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7785 нафар баробар гардид.

"То санаи 9 август дар мамлакат 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Ин ниҳод даъват карда, ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Лентаи хабарҳо
0