ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 6-уми августи соли 2020, хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи М.Қурбонов воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додаааст.
Инчунин ВУД қайд кардааст, ки номбурда барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 38-солаи сокинони пойтахт дар хонааш шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.