Боздошти марди 37 солаи пойтахт барои ташкили фоҳишахона: 300 сомон мукофотпулӣ гирифтааст

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 37 - солаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Кормандони милитсия марди 33 - солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 43-солаи сокини Хуҷанд ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона: 200 сомонӣ мегирифт

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 14-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 17:00 дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба мард ва зани 26-солаи сокинони пойтахт барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шароит муҳайё намуда аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Вазорати умури дохила мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ин ниҳод рӯзи гузашта низ аз боздошти зани 43-сола, сокини Хуҷанд хабар дода буд, ки барои муносибатҳои маҳрамона зану мардеро шинос карда, барои ин "хидматаш" 200 сомонӣ "мукофотпулӣ" гирифтааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0