ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Қариб ҳама имконоти "буғӣ кардани Чин", ки дар Вашингтон, Брюссел ва Лондон баррасӣ мешаванд, созмони эътилофи бузургеро дар назар дорад, ки бо қувваи коллективӣ барои нест кардани Чин равона мешавад, чуноне бо ИҶШС шуда буд.
Аммо, агар дар сатҳи баъзе принсипҳои роҳнамо ҳеҷ гуна гуногунӣ мушоҳида нашавад, дар сатҳи татбиқи мушаххаси ин принсипҳо мушкилии ҷиддӣ ба миён меояд, ки ҳалли онҳо найзаҳои президентҳо, сарвазирҳо, дипломатҳо ва таҳлилгаронро мешиканад.
Гап сари ин, ки дар бахре аз пойтахтҳои кишварҳои Урупо ва дар "марказҳои пажӯҳиши" - и ИМА аллакай дарк мешавад, ки баъзе аз давлатҳои Иттиҳоди Урупо (аз қабили Олмон, Фаронса ва Италия) ва ҳамчунин чанде аз кишварҳои Осиё аз чӣ бошад, намехоҳанд дар Ҷанги сард бар зидди Чин чун пешоҳангҳои ИМА ширкат кунанд.
Зиёда аз ин, онҳо намехоҳанд, ки барои пирӯзии ИМА дар ин ҷанг пул пардохт кунанд (ки он дар ҷанҷолҳои абадии Олмон ва Фаронса барои пардохти ду фоизи ММД барои "боми низомии" Амрико хуб мушоҳида мешавад) ва онҳо ҳатто омода нестанд, ки қатъиян содироти Huawei - и Чин барои шабакаҳои 5G - ро манъ кунанд, ки албатта Вашингтон ва Лондонро бениҳоят ба хашм меорад.
Дар заминаи изҳороти урупоӣ дар бораи созмони қувваҳои мусаллаҳи худӣ ва Декларатсияи Макрон оиди хоҳиши бурдани сиёсати мустақил (яъне на бо Чин ва на бо Амрико) гумонҳо оиди он, ки ташкили эътилофи зидди Чин бисёр душвор ва гарон хоҳад буд, рӯз аз рӯз афзун мешавад ва дар баробари ин ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкил низ тақвият меёбад.
Нашриёти бонуфузи Foreign Affairs, ки таҳти назорати маркази Council on Foreign Relations ("Шӯрои муносиботи байналмилалӣ") ду роҳи ҳалли ин масъаларо нишон медиҳад, ки якеро роҳи "Доналд Трамп" ва дигареро "Борис Ҷонсон" номидан мумкин аст.
Бо назардошти таъсири бузурги Council on Foreign Relations ба тафаккури элитаи амрикоӣ ва ҷонибдорони онҳо дар Урупо (худи маркази "фикрҳо" қариб чун "сояи ҳукумати ИМА" пиндошта мешавад), бояд ба методҳое назар кард, ки барои ҳалли ин бӯҳрон пешниҳод мешаванд, чун ба Русия муносибат дорад.
Ба мақолаи нави Foreign Affairs, ки таҳти унвони "Шӯрои демократия метавонад гуногуниро дар муносиботи байналмилалӣ ҳифз кунад", роҳҳои пешниҳодшуда ба нигоҳ доштани қудрати Амрико камаш дар ҷаҳони Ғарб нигаронида шудааст.
Муаллифони нашриёти бонуфузи Амрикоӣ баҳсро аз ҷое оғоз мекунанд, ки тартиботи кунунии ҷаҳонӣ гулӯгир мешавад ва таҳдиди аслӣ имрӯз на коронавирус, балки Русия ва Чин мебошад.
"Вале то ҳамагирии коронавирус низ, он низоми гуногунҷабҳае, ки бо кумаки Амрико пас аз хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сохта шуд, базӯр аз уҳдаи ҳалии мушкилот мебарояд. COVID - 19 нишон дод, ки подшоҳ - бараҳна аст, вале дар асл подшоҳ чанд вақт боз либоси тунук дошт".
G7, ки пас аз шоки нафтии соли 1973 созмон дода шуд, то ҳол берун аз минтақаи Урупо як аъзо - Ҷопонро дорад. "Бистгонаи бузург", ки пас аз бӯҳрони соли 1997 дар Осиё созмон ёфт, қадру қиммати худро замони буҳрони иқтисодии соли 2008 нишон дода, аз нигоҳи сиёсӣ ва нуқтаи назари қобилияти ҳалли мушкилоти байналмилалӣ хеле номувофиқ дониста шуд. Дар ҳамин ҳол, эҳё шудани авторитаризм дар Русия ва Чин Шӯрои амнияти СММ - ро аз пой зад".
Ин бисёр ташхиси ҷасурона аст, ки бо суханони зер гуфа мешавад: Ҳамаи чиз аз даст рафт ва чизе кор намекунад!.
Ва албатта ду роҳи ҳал пешниҳод мешавад, яке аз ҷониби Ҷонсон ва дигаре аз тарафи Трамп.
"Ҷонсон нахустин шуда моҳи май пешниҳод кард, эътилофе иборат аз даҳ кишвари демократӣ созмон дода шавад, ки аз кишварҳои узви G7 ва Австралия, Индия ва Куреи Ҷанубӣ ташкил шуда D10 номгузорӣ шавад, то дар соҳаи алоқа алтернативаи Huawei - ро дошта бошад. Пасон Трамп вохӯрии G7-ро, ки бояд моҳи июн баргузор мешуд, лағв кард ва ба ҷои он баргузории формати G11 дар тирамоҳро пешниҳод кард. Аз пешниҳоди Ҷонсон пеш гузашта Трамп хостори воридшавии ҳамаи кишварҳои зикршуда ва боз Русия шуд".
Коршиносони Foreign Affairs ворид кардани Русияро ба ин эътилоф тавсия намедиҳанд, вале онҳо формати "D10" - ро хуш доранд, яъне пешниҳоди Ҷонсонро. Маънои тавсия ин аст, ки ҳатто агар Русияро барои дар барномаи зидди Чин ширкат кардан бовар кунонанд ҳам, пешниҳоди Трамп бисёр бад аст ва дар оянда бенатиҷа хоҳад буд, чун бар зидди Чин аст, вале пешниҳоди Ҷонсон беҳтар менамояд чун ин эъттилоф на бар зидди Чин, балки "эътилоф ба хотири хубиҳо" хоҳад шуд.
Албатта ин ҷо сухан дар бораи шиорҳои хушки "Демократия", "Озодӣ" ва "Ҳуқуқи инсон" хоҳад рафт. Аҷибаш ин, ки ин пешниҳод муқобили сиёсати ҳозираи хориҷии Вашингтон гузошта шудааст: "ИМА метавонад бар зидди барномаи сармоягузории чинии "Як камарбанд-як роҳ" ва тарҳи "Северный поток — 2", ки Русия дастгирӣ мекунад, муқобилият нишон диҳад, вале барои онҳо ба ҷонибдории худ кашидани дигар кишварҳо мушкил хоҳад буд, агар барномаеро пешниҳод насозанд. Вашингтон наметавонад бидуни истифодаи ҳеҷ чиз бар чизе пирӯз шавад".
Мушкили ин равиш дар он аст, ки намешавад "Демократия" ва "Озодӣ"- ие, ки дар ИМА сохта мешавад барои Олмон гази Русия ва барои Италия сармоягузории чиниро иваз кунад.
Ин ҷо маблағи амрикоиҳо ба кор меомад, вале ба Вашингтон чунин муносибат лозим нест, новобаста аз насаби президенти оянда: ба Байден ва Трамп мустамлика лозим аст, ва бозгардонии Иттиҳоди Урупо ба ин сатҳ чӣ дар доираи D10 ва чӣ G11, номумкин аст, дар бораи Русия умуман бояд чизе нагуфт.