"Ба Трамп даф шав мегӯянд": Путин дар бораи бесарусомониҳо дар Амрико

© Sputnik / Aleksey Nikolskyi / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин наблюдает за демонстрационными полетами пилотажных групп во время посещения XIII Международного авиационно-космического салона МАКС-2017 в подмосковном Жуковском
Президент России Владимир Путин наблюдает за демонстрационными полетами пилотажных групп во время посещения XIII Международного авиационно-космического салона МАКС-2017 в подмосковном Жуковском - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эътирозҳои омма дар ИМА аз 25 май пас аз марги Ҷорҷ Флойди африқоитабор ҳангоми боздошташ аз ҷониби пулиси Амрико сар шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин эътирозҳои оммаро дар ИМА, ки пас аз марги як шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти пулис сар заданд, тавзеҳ додааст.

Путинро дар ин бора дар рафти барномаи "Москва. Кремль. Путин" дар телевизиони "Росси 1" пурсидаанд.

"Президент (- и ИМА - идора) мегӯяд, ки бояд ин тавр ё он тавр кард, аммо губернаторҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки "даф шав", - гуфтааст Путин дар посух ба суоли муҷриии "Москва. Кремль. Путин".
Без правосудия нет мира: сотни людей пришли на церемонию прощания с Джорджем Флойдом - Sputnik Тоҷикистон
Ҳузури садҳо нафар дар маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд - видео

Эътирозҳои омма дар ИМА аз 25 май пас аз марги Ҷорҷ Флойди африқоитабор ҳангоми боздошташ аз ҷониби пулиси Амрико сар шуданд.

Флойдро ду корманди пулис бо як шеваи тунду сахт дастгир карданд. Ҳангоми ба дастони ӯ завлона задан, яке бо зону ба гарданаш зер мекард. Дар наворе ки аз ҷониби шоҳиди ҳодиса сабт шудаву зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт, дида мешавад, ки Флойд мегӯяд, ки нафасгир мешавад, аммо ӯро раҳо намекунанд.

Дар натиҷа марди боздоштшуда аз ҳуш меравад ва дертар дар шӯъбаи эҳёи беморхона ба ҳалокат мерасад.

Пас аз ин ҳодиса дар Миннеаполис, ки ҳодиса рух дода буд, бесарусомониҳо сар шуданд ва зуд дар дигар шаҳрҳои иёлот низ паҳн гардиданд. Эътирозгарон талаб мекарданд, ки бо нобаробарии нажодӣ дар ҷомеаи Амрико хотима бахшида шавад.

Президент Доналд Трамп аз ин ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз губернаторон талаб кард, ки барои мубориза бо эътирозгарон аз  нерӯи Гвардияи миллӣ истифода баранд. 

Дар авалҳои июн ин эътирозҳо то Аврупо - Фаронсаву Англия доман кашиданд.

Ман Ҷорҷ Флойд: эътирозҳо дар ИМА ба тамоми ҷаҳон паҳн шуданд

 

Лентаи хабарҳо
0