ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар” хабар дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ дар асоси моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”- ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.
Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи 3 августи соли равон қабул шудааст .
Манбаъ қайд кардааст, ки мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Имконият Ховар” барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.