ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ қтӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.
Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар ин давра инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуд.
Тибқи иттилои Ожонсии омор шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор - шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.
Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.
Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта - 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.