ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №41 ба роҳ монда мешавад, гузориш медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.
Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 10 августи соли равон дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №41 (Дарвозаи Ғарбӣ-Бозори Кӯшониён) ба фаъолият оғоз менамояд.
Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат менамоянд.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", - менависад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.
Тавре мутахассисон иброз доштанд, автобусҳои "AKIA" дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Муҳаррики он истеҳсоли ширкати "Мерседес Бенс" мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
"Бе кондуктор": дар роҳҳои Душанбе маршруткаҳои сохти Тоҷикистон пайдо шуданд - видео
Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.