ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ширкати худравсозии туркии "AKIA" дар шаҳри Душанбе корхонаи автобуссозӣ бунёд мекунад, гуфт муовини якуми шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.
Бино бар иттилои ӯ, дар айни ҳол мутахассисони туркӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошта, бо 20 нафар мутахассисони тоҷик барои фаъолият дар корхонаи мазкур машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида истодаанд. Ин корхона қарор аст солона 250 — 300 автобусро тавлид кунад.
"Ҳамчунин дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 ноябри соли 2017 барои харидани боз 100 автобуси "AKIA" аз Туркия бо дарназардошти бастубанди он дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии "Насби нақлиёти барқӣ ва дучарха" шартнома ба имзо расидааст", — гуфт Зувайдзода.
Муовини раиси шаҳр афзуд, айни ҳол дар пойтахт татбиқи лоиҳаи "Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе" идома дошта, дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ гардида, амалисозии низоми мазкур дар марҳилаи ниҳоии корҳои насбкунӣ ва омодакунии барномаҳои компютерӣ қарор дорад.