ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Ховар” гурӯҳи кории Ҳукумат дар ин сафар раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ мекунад.
Дар ноҳияи Дарвоз ҳайати гурӯҳи корӣ ба меҳмонхонаи панҷситора, ки дар муҳлати панҷ моҳ аз ҷониби меъморони соҳибкасби ватанӣ дар мавзеи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” сохта шудааст ташриф оварданд.
Гуфта шудааст, ки ҳайати гурӯҳи корӣ бо шароити ин меҳмонхона шинос гардиданд. Ба гуфтаи бинокорон, ин меҳмонхона дар домани кӯҳ сохта шуда, бо сабаби набудани роҳи мошингард кулли корҳои сохтмонӣ дастӣ анҷом дода шуданд.
Дар ҷамоати деҳоти Қалъаихумб бунёди “Парки инноватсионӣ”, ки дорои корхонаҳои саноатӣ ва гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти тару тоза аст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бо истифода аз технологияи пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон соҳибкорон мақсад доранд, ки силсилакорхонаҳои муосирро дар рўзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Имрӯзҳо корҳои васлу насби таҷҳизот ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди иншооти ҷашнӣ бо суръат идома ёфта, ба гуфтаи бинокорон, дар муҳлати 10 рӯз ҳамаи корхонаҳо барои фаъолият пурра омода мешаванд.
Муовини Сарвазир Азим Иброҳим ва раиси вилоят Ёдгор Файзов аз бунёди корхонаҳои саноатӣ дидан карданд.
Яке аз ин коргоҳҳо, ки “Помир Аква” ном дорад, дар як сол то 30 тонна об барои содирот омода менамояд. Дар коргоҳи дигари Парки инноватсионии Дарвоз коркард ва тавлиди асалро ба роҳ мемонанд.
Ба муовини Сарвазири иттилоъ доданд, ки дар ин бахши коргоҳ чор номгўй маҳсулоти худӣ дар зарфҳои махсус барои содирот бо бренди кўҳистон омода гардида, ба кишварҳои дуру наздик содирот мешаванд.
Иқтидори ин коргоҳ, ба гуфтаи масъулини соҳа, 1,5 ҳазор тонна асал дар як сол аст. Ҳоло бо 300 нафар занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз шартнома баста шудааст, ки маҳсулоти онҳо рӯзҳои наздик харидорӣ шуда, баъди коркард ба харидорон пешниҳод мешаванд.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз коргоҳҳои истеҳсоли ниқоб, маводи антисептикӣ ва тавлиди сўзандору низ боздид кард.
Дар ин коргоҳ истеҳсоли 12 намуди маҳсулоти антисептикиро ба роҳ меандозанд. Дар шафати ин бино бо технологияи чинӣ ва туркӣ ду гармхонаи калон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бунёд мешаванд. Зикр шуд, ки барои бунёди як гармхона 150 ҳазор доллар сарф шуда, ба гуфтаи мутахассисон баъди ба кор андохтани ин гармхонаҳо маблағи сарфшуда давоми як сол пурра бармегардад.
Яке аз дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад, ин корхонаи коркарди хокаи санги мармари деҳаи Вишхарвак ба шумор меравад.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин корхона аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хокаи истеҳсолкардаи ин корхона дар баробари Тоҷикистон Ӯзбекистон низ ниёз дорад. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардан он эҳтиёҷоти ҳарду кишварро бароварда месозад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 100 ҳазор тонна микро калсит дар як сол буда, барои содирот ба ҳар кишвари дилхоҳ кофӣ мебошад. Баъди мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди санги мармар боз 30 нафар ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
То таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бояд 97 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. То ба имрўз 57 фоизи ин нақша дар амал татбиқ гардидааст.
Зимни сафари корӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим аз иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят низ боздид кард.