Вазорати дифоъ: дар Бадахшон маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ доир мегардад

© SputnikВоенные учения России и Таджикистана
Военные учения России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо тирпарронии ҷангӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон, машқҳои мазкур аз 2 то 5 августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо тирпарронии ҷангӣ баргузор мегардад.

Военные учения 201 РВБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаро танкронҳои Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон мегарданд

Гуфта шудааст, ки марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ  5 август бо ташкили паради ҳарбӣ ва гузашти низомии ҷузъу томҳои сохтору мақомоти давлативу қудратии ВМКБ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин ин машқҳои низомӣ аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ  ташкилу ба роҳ монда шуда, ҷараёни баргузории тамоми марҳилаҳои нақшавии он аз тарафи Вазири мудофиаи Тоҷикистон,  Шералӣ  Мирзо назорат ва баҳогузорӣ   мешавад.

“Дар чорабинӣ 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудративу мақомоти давлатии ин гарнизон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ин минтақа ҷалб карда шуда, он дар се марҳила, дар машқгоҳҳо ва минтақаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷараён мегирад”, - таъкид доштааст вазорати дифоъ.

Тибқи нақша ба машқҳои муштарак дар баробари ҷалби ҷузъу томҳои пиёданизом ва таъиноташ махсуси сохторҳои қудратӣ, инчунин ба он авиатсияи ҷангӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи сабуки оташфишон, 300 адад техникаҳои зиреҳпуши ҳарбӣ, артилерияҳои навъашон гуногун, автомашинаҳои махсуси низомӣ ва боркашу нақлиётӣ истифода мешаванд.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиа: дар артиши Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ аз COVID -19 сабт нашудаст

Ҳамчунин дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ Ситоди муштараки идории қушунҳо ташкил карда мешавад, ки захираи эҳтиётии даъватшавандагон, техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низоми заруранд ва мувофиқ ба эҳтимолияти замони ҷанг пешбинӣ  шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода медиҳанд.

Манбаъ қайд кардааст, ки ҳадафи баргузории ин машқҳои низомӣ дар гарнизони Хоруғ ин сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ, сафарбарии қӯшунҳо ва доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0