Каримзода: Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГлава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода
Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон эълом кард,ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё шитоб намекунад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Хуршед Каримзода гуфтааст, ки яке аз минобеи муҳимм таъмини бахши даромади бюджети ҳукумати Тоҷикистон пардохти молиёт мебошад, ки дар сурати пайвастан ба Иттиҳодия иқтисодии Евроосиё ин маблағ коҳиш хоҳад ёфт, зеро бар асоси қавонини Иттиҳодия иқтисодии Евроосиё воридот ва содироти коло ва маҳсулот аз прдохти аворизи гумруки муоф мешаванд, ки бояд дар мавриди пайдо кардани чойгзини манбаи муҳимми таъмин бахши драмади бюджети ҳукумат Тоҷикистон барномарезӣ кард, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба сомонаи Авесто.

Доктор экономических наук, проректор Финансового университета при правительстве РФ Алексей Зубец - Sputnik Тоҷикистон
Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

Аммо Алексей Зубетс, муовини раиси донишгоҳи молияи Русия мегӯяд, ки Тоҷикистон дар сурати пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё аз чаҳор имтиёз бархурдор хоҳад шуд, ки шомили ҳаракат озодонаи сармоя, нирӯи кор, коло, маҳсулот ва хадамот мешавад.

Ҳамчунин, коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз дарёфт муҷаввизи кор ва иқомат муоф мешаванд, ки мӯҷиби сарфаҷӯии даромади молии онҳо мегардад. 

Мақомоти Тоҷикистон дар 5 соли ахир дар посух ба дархости Русия барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евроосиё мегӯянд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0