Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

© Из личного архива Александра ЗубецДоктор экономических наук, проректор Финансового университета при правительстве РФ Алексей Зубец
Доктор экономических наук, проректор Финансового университета при правительстве РФ Алексей Зубец - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алексей Зубетс, доктори илмҳои иқтисод, ноиби ректори Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи оқибатҳои шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) гуфт

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, ҳамроҳ шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамчун роҳи ҳалли мушкилот қабул карда мешавад, гуфт доктор доктори иқтисод, ноиби ректори Донишгоҳи молиявии назди Федератсияи Русия Алексей Зубетс дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар ҳузури Раҳмон дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфт

"Ин тасмим ба муддати тӯлонӣ мавқуф гузошта шуда буд, дар солҳои охир он қадар маъмул набуд. Он ҳамчун кӯшиши истиқлолияти муайян дониста мешуд. Аммо имрӯз, бо дарназардошти мушкилоти афзояндаи иқтисодӣ, вуруд ба ин фазои ягонаи иқтисодиро талаб мекунад" - гуфт коршинос.

Зубетс илова намуд, ки талаботҳои ҳамроҳшавӣ хеле оддӣ мебошанд: ҷудокунии қоидаҳо дар бораи ҳаҷм ва таркиби ҷараёни мол, назорати сифати маҳсулот ва ғайра.

Ҳангоми кушодани бозорҳо Тоҷикистон 4 озоди ба даст меорад: озодии ҳаракати сармоя, озодии ҳаракат ба одамон, молҳо ва хидматрасниҳо.

Таҳвилгарон барои воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия бештар фоида ба даст меоранд, ки ин ба воридшавии назарраси пул ба Тоҷикистон сабаб мешавад.

Ёдовар мешавем ҷониби Тоҷикистон тули чанд сол аст шомилшавияшро ба ин созмон баррасӣ дорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бурду бохтҳо аз шомилшавӣ ба ин созмонро меомӯзанд ва пасон тасмим хоҳанд гирифт. 

Лентаи хабарҳо
0