Русия эҳтимоли барқарор шудани тамоми парвозҳоро аз 11 август баррасӣ дорад

© Sputnik / Андрей Станавов / Гузариш ба медиабонкПассажирский самолет
Пассажирский самолет  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия нақша дорад, ки интиқоли мусофиронро ба самти берун аз кишвар пурра барқарор кунад. Мақомоти кишвар эҳтимоли барқарор шудани тамоми парвозҳоро аз 11 август баррасӣ доранд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тавре расонаҳои кишвар гузориш медиҳанд, эҳтимоли барқарор шудани парвозҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ мегардад.

Тавре як манбаъ, ба оҷонсии ТАСС хабар додааст, эҳтимол дорад роҳҳои ҳавоӣ аз 11 август пурра боз шаванд. Дар ҳамин ҳол, имконияти барқароршавии парвозҳо бо тамоми кишварҳо дар назар дошта шудаанд.

Взлет самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвози махсус: бештар аз сад шаҳрванди Тоҷикистон аз Укроин баргаштанд

Ба гуфтаи як манбаи дигар, ин масъала дар иҷлосияи ахири Штаби фаврии коронавируси Русия бардошта шуда буд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар чанд изҳороти ахири ВУХ Русия ва Штаби фаврӣ дар бораи баррасии барқароршавии парвозҳо маълумот дода шуда буд.

Феълан Русия расман парвозҳоро бо Британияи Кабир, Туркия ва Танзания барқарор кардааст.

Мобайнҳои моҳи июл мақомоти Тоҷикистон низ хабар дода буданд, ки парвозҳоро ба Аморати муттаҳидаи араб барқарор мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 март тамоми парвозҳои муқаррарии байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба хориҷ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус муваққатан қатъ карда шуда буд.

Мунтазири парвозҳо: дар барқарории хатсайрҳои Тоҷикистону Русия чӣ мушкилӣ ниҳон аст

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон пештар хабар дод, ки Тоҷикистон дар даврони пандемия 4 ҳазор шаҳрвандашро тавассути парвозҳои чартерӣ баргарднидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0