Модари се фарзанд худро ба дарёи Сурхоб андохт: натавонистанд наҷот диҳанд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан сокини ноҳияи Рашт буда, оиладор ва соҳиби се фарзанд будааст. Сабаби даст ба ин амал задани ин модари 36-сола маълум нест

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар ноҳияи Рашт як зани 36-солаи тоҷик даст ба худкушӣ задааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 28 июл рух дода, ба наҷотдиҳандагон даст додааст, ки  29 июл танҳо ҷасади ӯро берун оранд.

Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз 5 то 60 сола: ҳалокати 5 нафар тайи се рӯзи гузашта дар обанбору дарёҳо
"Шоми рӯзи 28 июли соли 2020 як сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ба кадом сабаби номаълум худро дар дарёи Сурхоб ғарқ кард. Ин манбаъ мегӯяд марҳум оиладор  ва соҳиби се фарзанд буду 36 сол дошт", - менависад КҲФ.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 29-уми июл, соати 07:00 дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷасади ғарқшударо аз мавзеи Бини Бодоми ҷамоати деҳоти Н.Махсум, тахминан 15 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо намуданд.

КҲФ зарари харобкориҳои сели рӯзҳои истироҳатӣ дар Деваштичу Айниро эълон кард

Ҷанозаи зан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0