Аз 5 то 60 сола: ҳалокати 5 нафар тайи се рӯзи гузашта дар обанбору дарёҳо

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати панҷ нафар тайи се рӯзи гузашта дар кулу дарёҳои кишвар хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳалокшудагон аз 5 сола то 60 сола умр доша, дар пайи беназоратӣ ва ё надонистани қавоиди ғаввосӣ ҳалок шудаанд.

Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ: ҷавони 19 - сола дар Исфара ғарқ шуд

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи гузашта, соати 16:30 дақиқа ҷасади як марди шастсолаи дар дарёи Душанбе ғарқшуда пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Гуфта мешавад,

ин мард бегоҳии рӯзи 25-уми ғарқ шуда буд ва наҷотдиҳандагон мекофтанд.

Ба иттилои манбаъ, як сокини 20-солаи деҳаи Пастиғави ноҳияи Масчо зуҳри рӯзи 26 июл дар канали рақами 1 ноҳия ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд ва соате пас аҳолии атроф ҷасади ӯро пайдо ва ба соҳибонаш супурданд. 

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин як сокини 42 солаи Душанбе санаи 25 дар обанбори Норак ғарқ шуд.

“Маълум шуд, ки номбурда ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада, барои истироҳат бо бародаронаш ба соҳили обанбори Норак рафта, ҳангоми оббозӣ бо қоидаҳои шиноварӣ риоя накарда, ғарқ шудааст” ,-афзудааст манбаъ. 

Сокини 10 - солаи Кушониён дар заҳбур ғарқ шуд

 Кумита гуфтааст, ҷасади сокини деҳаи ниҳолпарвари ноҳияи Шаҳринав, ки рӯзи 23-уми июл бо ҷамъе аз дӯстонаш барои табобат ба деҳаи Конинамак, ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор рафтаву дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд, рӯзи 25 уми июл дар деҳаи Ашқободи ҷамоати деҳоти Эсамбой-и ноҳияи Рӯдакӣ аз суи сокинон пайдо карда шуд.  

КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Ин ниҳод мегӯяд, мудҳиштарин фоҷеа ғарқи об шудани писарбачаи панҷсола дар дарёи Кофарниҳон буд.

“Вай бо истифода аз беназоратии волидон хостааст дар дарёи Кофарниҳон оббозӣ кунад, вале мавҷи пурхӯриш ӯро ба комаш кашидааст” ,-афзудааст манбаъ.

 

Лентаи хабарҳо
0