ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Шаршари Ҷамоати деҳоти "Пушинг" бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 сохта шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки маблағи лоиҳавии иншоот 3,5 миллион сомониро ташкил додааст.
Масоҳати умумии замини мактаб 1,37 гектарро ташкил дода ва он дар маркази деҳа сохта шудааст.
Мактаб барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур дорои 14 утоқ, аз ҷумла 10 синфхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо 12 адад компютер, китобхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Гуфта шудааст, ки ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбоби аёнӣ муҷаҳҳаз гардидааст.