ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии футбол тасмим гирифтааст ба 211 аъзои худ барои дастгирӣ дар ин вазъияти мушкил кумаки молиявӣ расонад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои сомонаи расмии ФИФА, ин ташкилот рӯзҳои наздик ба 211 аъзоёни худ ба миқдори 1,5 миллион доллари амрикоӣ кӯмак хоҳад кард.

Футбольная лига Таджикистана опубликовала расписание оставшихся матчей первого круга чемпионата страны - Sputnik Тоҷикистон
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

 Ин кӯмакҳои молӣ барои мавсими 2019 ва 2020 ба ҷомеаи футболии ҷаҳонӣ, ки аз пандемияи Ковид - 19 зарар дидаанд, дар назар гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ ҳар як узви федератсия, аз ҷумла Тоҷикистон, як миллион доллар гранти асосӣ ва  500 ҳазор доллар барои рушди футболи занона хоҳад гирифт.

ФИФА ҳамзамон барои ҳар як конфедератсия 2 миллион доллар ҷудо кардааст.

Гуфта мешавад, маблағи боқимондаро ФИФА барои додани қарзҳои бефоиз барои иттиҳодияҳо ва конфедератсияҳо равона хоҳад кард.

Қаблан Ҷани Инфантино, президенти ФИФА дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки пандемия мушкилоти фарогиреро барои ҷомеаи футболӣ ба вуҷуд овард. ФИФА ҳамчун ниҳоди роҳбарикунандаи футболи ҷаҳон бояд ба мушкилоти федератсияҳо расидагӣ намояд ва ин нахустин дастгирии барномаи дарозмуддат аст.

Шикасти “Равшан” -и Кӯлоб баъди пирӯзиҳои пай дар пай аз “Панҷшер”- и Ҷомӣ 

Бинобар ин мо аз кӯмаки молиявӣ оғоз кардем, зеро федератсияҳо бо мушкилоти молиявӣ гирифтор шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0