Дар Тоҷикистон маркази шабонарӯзии  ёрии равонӣ ба ҷабрдидаҳои хушунат кушода шуд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСотрудник колл-центра, архивное фото
Сотрудник колл-центра, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Дар Тоҷикистон корҳо оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ идома дорад ва барои рафъи он равоншиносон ба қурбониён кӯмак мерасонанд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон талошҳо барои мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ шиддат мегиранд.

Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушунат ва ҳазору як дарду алами занон дар Тоҷикистон

Барои кӯмак ба ҷабрдидаҳо, маркази махсус кушода шуд, гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода дар нишасти матбуотияш.

"Кумита як маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ таъсис додааст. Он шабонарӯз кор мекунад", гуфт раиси Кумита.

Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи марказ бо зиёд шудани шикоятҳо ба Кумита бо изҳороти зӯроварӣ дар оила сабаб шуд.

 Инчунин, ин тадбир бояд шумораи худкушиҳои дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ ба вуҷудомадаро коҳиш диҳад, афзуд Қурбонзода.

Рашк сабаби қатли ҳамсар шуд: мард ҳамсарашро 13 корд зада кушт

Ӯ гуфт, дар хати телефонҳо, 15 равоншиноси касбӣ дар тӯли 24 соат дар шабонарӯз кор мекунанд, ки омодаанд ба ҷабрдидагон кӯмак кунанд.

Лентаи хабарҳо
0