Хушунат ва ҳазору як дарду алами занон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони созмони дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Хуҷанд дар бораи афзоиши мавридҳои хушунату озорёбии занон дар хонаводаҳо таъкид меварзанд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сабоат Бобоҷонова, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии маркази занон “Гулрухсор”, дар ҷаласае дар Хуҷанд, гуфт бар пояи оморе, ки созмони онҳо ба даст овардааст, ҳолатҳои ҷойдошти хушунат нисбати занон дар хонаводаҳо ҳамоно бештар будааст.

Бобоҷонова афзуд, давоми даҳ моҳ, ба суроғаи “Гулрухсор” бештар аз 1380 зан аз мушкили хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо муроҷиат кардаанд.

Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шавҳарат азоб медиҳад? - занг зан: маркази имдоди ҷабрдидаҳои хушунат бунёд мешавад

Муроҷиати ин теъдод занон тавассути телефони боварӣ, мусоҳибаи рӯ ба рӯ ва машварати сайёр сурат гирифтааст.

"Худ қазоват кунед, ки дар паси ин 1389 муроҷиат дарду алам ва ранҷи занон меистад, ки албатта ин муаммоҳо ҳалли худро талаб мекунад", - иброз намуд Бобоҷонова.

Муовини роҳбари “Гулрухсор” мегуяд, ҳамасола даҳҳо зан, барои ҳифзи ҳуқуқи худ дари ин созмонро мекубад.

Афзоиши муроҷиатҳо ба созмон, аз як су собит месозад, ки занон ҷињати ҳимояи ҳуқуқи худ кӯшиш мекунанд, аз ҷониби дигар ин вазъ бозгӯи он аст, ки мутаасифона хушунат нисбати зан дар хонаводаҳои тоҷик ҷой дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб дар моҳи марти соли 2013 Қонун "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ" - ро қабул кард.

Бар тибқи ин қонун нозирони минтиқавӣ, кормандони ҷамоат ва бахшҳои кумитаи кор бо занон мувазафф карда мешаванд, ки нисбати рухдоди хушунат корбарӣ кунанд.

Созмони "Гулрухсор" соли 1996 аз сӯи Ассостсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ин созмон ба занон ва кӯдакони онҳо, ки дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ аз хона берун карда шудаву дар вартаи бӯҳронӣ дучор шудаанд, машваратҳои ҳуқуқӣ ва тибию равонии ройгон мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0