Ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи нафтӣ дар Тоҷикистон 17 дар сад афзуд

© Sputnik / Светлана Майорова / Гузариш ба медиабонкЦистерна с нефтью, архивное фото
Цистерна с нефтью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи роҳбари Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ин нишондод тавассути зиёд шудани истеҳсоли асфалт беҳтар шудааст

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар шаш моҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркардӣ 721 миллион долларро ташкил дод, хабар додааст роҳбари Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

Бино бар иттилои Ҳасанзода, ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи нафтӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 то 17 дар сад афзудааст. Вай афзудааст, ки ин нишондодро тавонистанд то 8,9 дар сад тавассути бештар шудани истеҳсоли асфалт ба даст оранд.

Дар ҳамин ҳол, дар нимсолаи аввали соли 2020 истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмасӣ то 7 дар сад кам шуда, масолеҳи ғайриметаллӣ бошад аз ҳисоби кам шудани истеҳсоли трубаҳои пластикӣ 35,3 дар сад коҳиш ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2020 ба маблағи 1,3 миллиард доллар масолеҳи саноатӣ истеҳсол гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 дар сад камтар аст.

Вазорати энергетика гуфт, Тоҷикистон чи қадар нафт истеҳсол ва чи қадар воридот кардааст

Гулнора Ҳасанзода афзуд, ки омили асосии ин афзоиши истеҳсолот дар саноати коркадшаванда то 14 дар сад, таъмини барқ, газ, буғ ва ғайра гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0