ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Рӯзи 30 - 261 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргардонида шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи нақлиёти автомобилӣ ба ватан оварда шудаанд.
"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи "Жибек Жоли"-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан интиқол дода шуданд.
Ёдрас мешавем, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии COVID-19 барои ворид шудан ба хоки ин ду кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Чанде пеш хабар дода шуд, ки Қирғизистон парвозҳои байналмилалиро аз сар мегирад.
Қирғизистон парвозҳоро аз сар мегирад: дар навбати аввал бо се кишвар
Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Кубатбек Боронов гуфт, ки дар навбати аввал бо се кишвар: Русия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳои мустақим барқарор хоҳад шуд.