Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 7-сола ҳалок шуд

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ки ронанда аз ӯҳдаи идраи автомобил набаромадааст. Дар натиҷа писараки хурдсол қурбони ҳодиса гаштааст

 ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Манбаъ менависад, ҳодиса 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа дар ҳудуди ноҳии Айнӣ рух додааст.

Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганзе», Низомов Амиршоҳ Надиршоевичи 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Дар натиҷа, ӯ пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоев Юсуфҷон Яқубҷоновичро, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи мазкурро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Абдуллоев Ю.Я. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мутаассифона, санаи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Алиев Ораз Ашурович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Панҷакент-Айнӣ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мелиева Гулшан, соли таваллудаш 1946, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри мазкурро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Дар натиҷа, пиёдагард Мелиева Г. аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0