Парвози махсус: шаҳрвандони Тоҷикистон аз Амрико ва Аврупо баргаштанд

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даврони ҳамагирии COVID-19 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik.  Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 80 шаҳрванди мамлакат, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Аврупо ва Амрико дармонда буданд ба кишвар баргардонида шуданд.

Онҳо тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе интиқол ёфтанд.
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мунтазири парвозҳо: дар барқарории хатсайрҳои Тоҷикистону Русия чӣ мушкилӣ ниҳон аст

Қаблан, 8 июли соли ҷорӣ 161 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида буданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 июл дар нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, ки бо дастур президент Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҳамагирии COVID-19 16 ҳазору 4000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

 

Лентаи хабарҳо
0