ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ҷумъахон Давлатов, директори Агентӣ дар конфронси матбуотии ниҳодаш гуфт, бино ба як барномаи хос, то охири соли равон ин рақам бояд ба 30% мерасид, ки эҳтимол дорад ба ин ҳадаф нахоҳанд расид.
"Ин як ташвиши мо аст, ки ин барнома иҷро намешавад. Ин масъаларо ҳар семоҳа баррасӣ мекунем ва 10 август бо ширкати тамоми идораву муассисаҳои давлатӣ онро ба баррасӣ хоҳем гирифт. Ин хеле ташвишовар аст, ки иҷро намешавад”, - гуфт Ҷумъахон Давлатов.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 1 апрели соли 2017 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2020” бо як қарор ба тасвиб расонида буд.
Гузашта аз ин, тибқи “Стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030” теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷинси латиф бояд ба 40% бирасад.
Директори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон гуфт, ин барномаҳо ба хотири ҷорӣ намудани баробарии гендерӣ амалӣ карда мешаванд.
"Тибқи тааҳудоте, ки бо шарикони байнулмилалии худ дорем, ҳузури занон дар ниҳодҳои давлатӣ бояд афзуда ва баробарии гендерӣ бояд таъмин карда шавад”, - гуфт Ҷумъахон Давлатов.
Тибқи иттилои Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон, то 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии мулкӣ 18 ҳазору 562 нафар буда, аз ин 4 ҳазору 355 нафар зан (23,4%) ва теъдоди ҷавонони то 35 - сола 8 ҳазору 251 нафар (44,4%) мебошанд. Синии миёнаи хизматчии давлатӣ дар Тоҷикистон 38,4 солро ташкил медиҳад.