ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъзе аз шаҳрвандон дидаву дониста дар вақти тухмгузории моҳиҳо ба сайди онҳо дар кӯлу обанборҳо машғул шудаанд.
“Аз санаи 1 уми апрел то 15-уми июн дар кишвар сайди моҳӣ бо сабаби тухмгузории онҳо манъ карда шудааст. Дар ин бора фармони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҳам Раёсат ба тасвиб расида буд, аммо бо ин вуҷуд шаҳрвандон ба моҳидорӣ машғул шудаанд. Нисбати 90 шаҳрвандони вилояти Суғд бинобар даст доштан ба қонуншиканӣ дар вақти моҳидорӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷарима тадбиқ карда шудааст”, - гуфт Ҳакимзода.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист зикр намуд, ки нисбати 52 нафар бар асоси моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санадҳои ҷаримавӣ ба андозаи 9140 сомонӣ тадбиқ шуда, нисбати 38 нафари дигар бо аломатҳои моддаи 208 ва 230 и асноди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд қарорҳо ҷаримавӣ таъин карда шудааст.
Бозбинии 17 ҳолати ҷойдошти қуруқшиканӣ ва ё бераҳмона даст задан ба моҳидорӣ, ки аз ин ҳисоб ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ зарари экологӣ муайян шудааст, мақомоти прокуратура ба иҷро мерасонад.
Ним тухму 25 грамм моҳӣ: Ҳукумат ғизои якрӯзаи шаҳрвандонро тавсия дод
Ҳакимзода гуфт, чунин ҳолатҳои қонуншиканӣ нисбат ба солҳои қаблӣ камтар сабт шуда, ба таъкиди вай нақши васоити ахбори омма дар огоҳонии мардум нисбати ин маъракаи муҳими экологӣ басо муассир аст. Бино ба иттилоъи масъулин қонуншиканиҳо умдатан дар обанбори “Баҳри тоҷик” ва аз ҷониби шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт ба қайд гирифта шудааст.