ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти чанд сокини Суғд бо гумони моҳидории ғайриқонунӣ хабар дода, ёдрас шудааст, ки дар Тоҷикистон аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ мамнӯъ аст.
Бино бар иттилои манбаъ, Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа 6 ҳолати ҷиноятии моҳидорӣ ошкор намуданд. Ин амал сабаби дар асоси моддаи 230-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон гардид.
Аз гумонбаршудаҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни обанбори "Баҳри тоҷик"- ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом ва Ашт, дар мавзеъҳои тухмгузорӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд навъҳои гуногуни моҳӣ ва тӯри моҳидорию заврақ мусодира шудааст.
"Қонуншиканҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б.Ғафуров ва Ашт мебошанд, ки асосан дар мавзеи обанбори "Баҳри тоҷик" тӯр гузошта, кирдорҳои худро шабона содир менамуданд. Чунин ҳаракатҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ расонда, саршумори онро ба нобудшавӣ мебарад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори он қонуни ҷиноятӣ ва ҳам маъмурии Тоҷикистон манъ намуда, риоя накардани чунин маҳдудият метавонад сабаби ҷавобгарӣ шавад.