Омор: семент тавозуни содироту воридотро ба нафъи Тоҷикистон тағйир дод

© PixabayРабочие на стройке, архивное фото
Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба 27,6 миллион доллар масолеҳи сохтмонӣ содир кардааст, ки 27, 3 миллиони онро семент ташкил мекунад.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ин ҳисоб тавозуни воридот низ ба нафъи содирот пойин омада, 16, 8 миллион долларро ташкил дод, ки 10,8 миллион доллар кам аст.

Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иҷозаи Ӯзбекистон барои вуруди семент аз Тоҷикистон
“Қисми зиёди воридотро кошин (5,7 миллион доллар), шиша (3,4), гаҷкартон (2,5) маснуоти санитарӣ (773,3 ҳазор доллар) ташкил додааст”, - гуфт Заробиддин Файзуллозода.

Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар умум Тоҷикистон 668,5 ҳазор тон, аз ҷумла ба Ӯзбекистон - 333,6, Афғонистон - 294,6 ва Қирғизистон - 40 ҳазор тон содир кардааст.

Бино ба ин манбаъ, 16 ширкату корхона дар Тоҷикистон бо истеҳсоли семент машғуланд ва қисмати асосии истеҳсолотро 4 ширкат – “Ҷунтай моҳир семент” (Ёвон) - 28,4%, Ҳуаксин Ғаюр семент (Ёвон) - 27%, Ҳуаксин Ғаюр Суғд семент (Бобоҷон Ғафуров) - 26,3%, “Сементи тоҷик” (Душанбе) - 5,1% - таъмин мекунанд.

Тоҷикистон дар чор моҳ беш аз 1,2 миллион тонна семент истеҳсол кард

Лентаи хабарҳо
0