ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон мегӯяд, содироти сементи ин кишвар ба Ӯзбекистон ба далели густариши коронавирус се ҳафта қабл мамнуъ шуда буд ва акнун имкони фурӯши ин маҳсули муҳими сохтмонӣ ба кишвари ҳамсоя дубора фароҳам шудааст.
Тибқи навиштаи хабаругзории "Парстудей", Ӯзбекистон яке аз муштариёни асосии сементи Тоҷикистон аст ва дар соли 2019 фурӯши наздик ба як миллион тонна сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, барои Душанбе 50 миллион доллар арзоварӣ доштааст.
Тавлид ва содироти семент ҳар сол дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2019 дар ин кишвар чаҳор миллион тонна семент тавлид шуд, ки ҳудуди 400 ҳазор тонна бештар аз соли 2018 аст.
Манбаъ афзуд, соли гузашта мизони содиротии семент ба хориҷ аз кишвар як миллиону 500 ҳазор тонна ба арзиши 68 миллион доллар будааст.
Аз ҷумла соли гузашта Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 980 ҳазор тонна, ба Афғонистон 576 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 80 ҳазор тонна семент содир кардааст.