ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Бозии марказии ин давр миёни дастаҳои футболи "Зебонисо"-и шаҳри Душанбе ва "Зебо"-и ноҳияи Дӯстӣ гузашт, гузориш медиҳад "Ховар".
"Рақобати ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи футболи "Зебонисо"-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4:0 ба поён расид. Рӯзигули Ҳасан ду гол, Амина Собирова ва Некубахт Худододова якголӣ ба ҳадаф расониданд", - менависад манбаъ.
Бохти дастаи футболи "Зебо"-и Дӯстӣ сабаб шуд, ки дастаи футболи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар пас аз пирӯзӣ бар дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 3:0 пешсафи ягонаи ҷадвали чемпионат гардид.
Дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи "Панҷшер"-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт. Се холи аввалинро ба дастаи "Равшан"-и Кӯлоб Гулфайрӯз Ҳазратова овард. Дар ду бозии дигар дастаи футболи "Бешкент"-и ноҳияи Носири Хусрав ба дарвозаи дастаи "Барқ"-и шаҳри Норак 11 голи беҷавоб зад, дастаи футболи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор дастаи футболи "Чашма"-и Шаҳритусро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд .