ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Операторҳои почтаи Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ИДМ аввалин иштирокчиёни системаи байналмилалии интиқоли маблағҳо таҳти бренди ягонаи Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта PosTransfer мешаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Масалан, хадамоти почтаҳои миллии Федератсияи Русия ва Арманистон аллакай системаи нави интиқоли пулии PosTransferро ба кор андохтаанд. Аз ҷониби Русия, “Почта Россия” дар ин лоиҳа иштирок мекунад.
Гуфта мешавад, низом интиқол ва қабули интиқолҳо бо комиссияи 1,2% пешбинӣ шудааст. Хидмат онлайнӣ буда, интиқол дар муддати 15 дақиқа амалӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, созишномаҳо дар меморандуме, ки соли 2017 аз ҷониби операторҳои почтаи Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Украина ба имзо расидаанд, тасдиқ шудаанд, ки он стратегияи умумии қоидаҳои ягонаи сиёсати маркетингӣ ва стандартҳои системаи PosTransfer дар кишварҳои ИДМ-ро дар бар мегирад.
Агар ин система ба кор дарояд, сокинони Тоҷикистон аз 466 марказҳои "Почтаи Тоҷик", ки дар саросари ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, аз хидматҳои низоми байналмилалӣ истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ қадар интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфт
Интиқоли почтавии пул, ба монанди бисёре аз дигар низомҳои интиқол, фавран тибқи стандартҳои муосири технологӣ амалӣ карда шуда ва ҳамкории операторони почта дар асоси шартнома таъмин карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта 193 давлатро муттаҳид мекунад. Он ташкилоти байналхалқии байниҳукуматӣ мебошад ва дорои мақоми агентии махсуси СММ мебошад.