ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ таъкид дошт, ки интиқоли пул аз хориҷи кишвар 14,8 дарсад кам шудааст.
Ба гуфтаи вай, дар шаш моҳи соли равон муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба кишвар 999 миллион доллар интиқол доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174 миллион доллар камтар будааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода инчунин зикр кард, ки кам шудани интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба мубодилаи асъор таъсир расондааст ва Тоҷикистон имрӯз ин мушкилотро паси сар кардааст.
“Мо маблағҳои муайян дорем, ки метавонем аз онҳо истифода кунем. Мо ин маблағҳоро дар ин замон метавонем барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии кишвар равона созем. Ба ҳамин хотир, мо ин мушкилотро паси сар кардем”, - гуфт раиси Бонки миллӣ дар нишасти хабарӣ.
Ҳамзамон раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки интиқоли пул дар моҳи июн каме беҳтар шудааст. Дар ин моҳ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,7 дарсад пул бештар ворид шудааст.