Пирӯзии мақомдорони андози Суғд бар “вируси корона”: сироятшудаҳо ҳама шифо ёфтаанд

© © SputnikНаимҷон Комилзода, мудири бахши кадрҳои Раёсати нозироти андоз дар Суғд
Наимҷон Комилзода, мудири бахши кадрҳои Раёсати нозироти андоз дар Суғд  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Масъулини Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд мегуянд, ҳамаи гирифторони “илтиҳоби шуш” ва COVID-19 марҳилаи табобати бемориро паси сар карда, саломат ба ҷои кори худ баргаштаанд

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Наимҷон Комилзода, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андоз дар Суғд ба саволи рӯзноманигорон дар бораи ҳолатҳои гирифтории кормандони ин мақомот ба бемории COVID-19 посух гуфт.

Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот эълон кард: коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо шурӯъ шуд
“Новобаста аз андешидани чораҳои профилактикӣ сироятёбии 68 нафар кормандони мақомоти андози вилояти Суғд бо бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус ба қайд гирифта шудааст.Аз ин теъдод 5 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуда, дигарон зери назорати духтурони оилавӣ дар хона муолиҷа гирифтаанд. Ҳамаи сироятёфтагон пурра шифо ёфта, ҳоло дар ҷои кори худ ҳозир шудаанд”, афзуд Комилзода.

Тин ба тин: ҳисоботи Аҳмадзода аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

Наимҷон Комилзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз шумори умумӣ танҳо як маврид ва он ҳам ба Ғолибҷон Ҳомидов, сардори нозироти андоз дар шаҳри Истиқлол аломатҳои бемории COVID-19 тасдиқ шудааст, ки номбурда баъди 28-рӯзи табобат алайҳи ин беморӣ ғолиб омада, ҳоло сари кори вазифавии худ баргаштааст.

“Кормандони мақомоти андоз дар замони оғози хуруҷи бемории каронавирус хеле осеббазир буданд, зеро барои ҷамъоварии андозҳои давлатӣ дар кӯчаву мағозаҳо, бозору коргоҳҳо бо мардум ҳамеша дар иртибот ҳастанд”, иброз намуд Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 24 июл дар бораи шумори гирифторон, шифоёбӣ ва фавт аз бемории COVID-19 дар кишвар иттилоъ дод.

Олимон мегӯянд коронавирус инсонро чандбораҳо сироят мекунад, аммо хабари хушоянд ҳам ҳаст

Бино ба иттилоъи ин ниҳод шумораи гирифторони бемории навъи COVID-19 то ин сана ба 7104 нафар баробар шуда, аз ин беморӣ 5851 нафар ё 82,3% шифо ёфта, бар асари он то замон 58 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0