Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мақомот эълон кард: коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо шурӯъ шуд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВрач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки макони аслии шуюъи вируси корона дар қаламрави кишварро муайян карданд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Самариддин Алиев, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аввалин нафаре, ки дар кишвар ба вируси корона гирифтор шуда буд, санаи 30 апрел дар шаҳри Душанбе, ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем,  санаи 30-уми апрели соли равон дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти раисии сарвазир Қоҳир Расулзода, 15 мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба вируси корона ё COVID – 19 эълон карда шуд, ки 5 ҳолат аз ин шумор ба шаҳри Душанбе ва 10 мавриди дигар ба вилояти Суғд, рост меояд.

Врач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ охирин омори сироят, шифо ва марг аз COVID-19- ро гуфт

Аммо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон он замон макони аслии шуюъи вирус ва аввалин беморро шарҳ надода буд.

Тибқи омори имрӯза, дар муддати аз 30 апрел то 23 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7060 нафар расида, аз ин бемоврачирӣ то кунун дар мамлакат 5793 нафар ё худ 82%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 58 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 135 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Ин ниҳоди тандурустии кишвар мегӯяд, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0