Бохти Емеляненко аз Исмоилов: лаҳзаҳои беҳтарини мубориза - навор

© Sputnik / Владимир АстапковичАлександр Емельяненко, архивное фото
Александр Емельяненко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳорибаи онҳо дар бахши саввум анҷом ёфт, чун Исмоилов бо зарбаи сахти худ Емеляненкоро аз пой афтонд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Рақобати размикорони муҳорибаи омехта Муҳаммад Исмоилов ва Александр Емеляненко бо шикасти охирон анҷомид.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

🎬Лучшие моменты боя Магомеда Исмаилова и Александра Емельяненко.

Публикация от ACA MMA (@aca_mma)

Варзишгарон дар мусобиқаи ACA 107 мубориза бурданд. Дар тамоми даври аввал, Емеляненкои 38-сола пои Исмоиловро қапида кӯшиш кард дасташро бандад, аммо чандин зарбаҳои сахт ба рӯй ва бадани ӯ зада шуданд.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дарси одоби Қодиров бошад? Емеляненко аз Канделак пӯзиш хост - видео

Дар басти дуюм бошад, размикори доғистонӣ бештар фаъол буд ва бо зарбаҳои сахти худ Емеляненкоро хаста намуд.

Набарди Қодиров бо Емеляненко: Рамазон гуфта буд ӯро дар даври 5 - ум "нокаут" мекунад

Даври сеюми муҳорибаро доварон ба далели он ки рӯйи Емеляненко оғуштаи хун буд, мутаваққиф карданд, аммо бо гузашти чанд лаҳза муборизаи онҳо аз сар гирифта шуд, вале дер давом накард.

Зеро размикори доғистонӣ бо як бераҳмӣ Емеляненкоро зери мушту зарбаҳои сахт қарор дод, ки доварон муҳорибаро боздоштанд.

Ҳамин тавр, рақобати Исмоилов ба Емеляненко бо пирӯзии размикори доғистонӣ анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0