ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров навореро сабт намудааст, ки дар он размикори муҳорибаҳои омехта Алекандр Емеляненко расман аз ровии телевизион ва продюсери телевизиони Матч ТВ, Тина Канделак узр пурсидаст.
Я же говорю, «Ахмат» — сила.
— Тина Канделаки (@tina_kandelaki) March 4, 2020\
Приятно удивлена и, разумеется, никакого зла на Сашу не держу. Удачи в бою — и всегда жду в гости. pic.twitter.com/zgO1EXrqs3
Навори мазкурро худи Канделак дар сафҳати Твиттери худ нашр накардааст.
Узрхоҳии Емелянко баъди он сурат гирифт, ки Канделак аз рафтори размикори номӣ эърод гирифта изҳор дошт, ки Емеляненко ба дастгирии сиёсатмадори бонуфуз ба мисли Рамазон Қодиров сахт ниёз дорад.
Аммо худи Емеляненко дар посух ба пешниҳоди Канделак алайҳи ӯ суханони нораворо сазовор донист.
"Занг ва ваъдаи Қодиров ба Отамбоев": даъвати роҳбари Чеченистон барои шоҳидӣ
Бар тибқи иттилои РИА Новости размикори рус, Алекандр Емеляненко борҳо барои майнӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Бори охир номбурда барои содир намудани майдаавбошӣ ба мӯҳлати 7 рӯз дар Анапа дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд.