Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в городе
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 133  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7104 нафар баробар гардид.

"То санаи 24 июл дар мамлакат 5851 (82,3%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 58 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 133  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот эълон кард: коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо шурӯъ шуд

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ охирин омори сироят, шифо ва марг аз COVID-19- ро гуфт

Ин ниҳод ҳамчунин даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Лентаи хабарҳо
0