Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ охирин омори сироят, шифо ва марг аз COVID-19- ро гуфт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВрач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19
Врач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи гирифторони коронавируси навъи нав дар Тоҷикистон бештар шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, шифо ва марг аз КОВИД - 19-ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар бо нашри омори нав.

Съемки фильма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тасмими “Тоҷикфилм” барои сабти филм дар бораи COVID-19

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 23 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7060 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5793 нафар ё худ 82%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 58 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 135 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Ин ниҳоди тандурустии кишвар мегӯяд, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: коронавирус низоми бонкии кишварро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кард

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0