“Татнефт” дар канори “Газпром” мехоҳад ба ҶТ маводди сӯхтӣ ворид созад

© Страница Торгового представительства РФ в РТ в FacebookДидори кории М.Кораблин бо намояндагони ширкати русии нафтии "Татнафт". 31 июли соли 2015
Дидори кории М.Кораблин бо намояндагони ширкати русии нафтии Татнафт. 31 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ширкати “Татнефт” дар Душанбе имкони ҳамкорӣ бо воридкунандагони тоҷики маводди сӯхтиро баррасӣ карданд. Танҳо бахши ин ширкат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ машғули истихроҷи нафту газ дар Туркманистон мебошад.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ширкати русии нафтии "Татнафт" (Тотористон), ки шашумин ширкати истихроҷкунандаи нафт дар Русия маҳсуб мешавад, омода аст ба Тоҷикистон маводди сӯхтӣ ворид созад, омадааст дар хабари Намояндагии тиҷоратии ФР дар Тоҷикистон дар сафҳаи Фейсбук.

Ин мавзӯъ ахиран дар дидори намояндагони ширкат "Татнафт" бо воридкунандагони маводди сӯхтӣ дар Душанбе матраҳ шудааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бахши "Татнафт" танҳо дар Туркманистон фаъол буда ба истихроҷи нафту газ машғул мебошад.

Маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши аввалияи маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 20% пойин рафтааст

Тибқи иттилоъи сомонаи интернетии "Татнафт" дар миёни кишварҳои ИДМ марокизи маводди сӯхтпуркунии "Татнафт" дар Белорус ва Украина фаъол буда мизони содироти маводди сӯхтии ин ширкат ба кишварҳои ин созмон чандон бузург нест ва ҳудуди 1 миллион тонна будааст.

Русия воридкунандаи аслии маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2015 Тоҷикистон 282,8 ҳазор тонна маводди сӯхтӣ ворид кардааст, ки дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14% камтар мебошад.

Тибқи тавофуқоти миёни Русия ва Тоҷикистон кишвари мо ҳаққ дорад дар як сол 830 ҳазор тонна маводди сӯхтии Русияро ворид созад.

Мизони аслии маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон аз корхонаи полоиши нафти Омск ворид карда мешавад, ки корхонаи марбут ба ширкати "Газпром нефт" мебошад. Ширкати "Газпром нафт Тоҷикистон" танзимгари воридот ва фурӯши ин маҳсулот мебошад.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон "Газпром" ҳамшарики низоми маводди сӯзишвории Қирғизистон буда, 100% бозори ин кишварро бо маводди сӯхтӣ таъмин мекунад ва ҳамасола беш аз 1 миллион тонна маводди сӯхтиро ба ин кишвар ворид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0