ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон созишномаи сеҷонибаро бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Созишномаи грантӣ ба маблағи 18,6 миллион евро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳод шудааст, аз ҷониби Бонки Рушди Олмон ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ба имзо расид.
Ҳамин тариқ, дар доираи ҳамкориҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз Олмон ва Конфедератсияи Швейтсария 55,2 миллион доллар барои сохтмони НБО-и нав ҷалб карда шуд.
Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад
НБО-и “Себзор” дар минтақаи Роштқалаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешавад ва иқтидори он 11 МВт арзёбӣ мешавад.
Инчунин моҳи декабри ҳамон сол Тоҷикистон ва Швейтсария барои маблағгузориии бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 кВ ва чорабиниҳо доир ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба маблағи грантии 9,55 млн. доллар созишнома ба имзо расид.
Таъкиди Файзов ба бунёди “Санобод” баъди шунидани нақшаи 3-солаи “Помир Энержӣ”
Ҳамзамон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 1,9 млн. Доллар барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии хати интиқоли барқи 110 кВ “Хоруғ-Ишкошим” ва аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 3 млн. доллари барои гузаронидани таҳқиқоти зарурӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҶСК “Помир энерҷӣ” маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидаанд.