Аз кӯчонидани хонаҳо то сохтмони канал: омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи "Себзор"

© © Пресс служба председателя ГБАОВстреча председателя ГБАО с представителями германского банка
Встреча председателя ГБАО с представителями германского банка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ВМКБ бо намояндагони Бонки Рушди Олмон сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" - ро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон  Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти ширкати Помир Энерҷӣ Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтааст. 

Раиси вилоят барои саҳм гузоштан дар сохтмони НОБ-Себзор аз номи мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба меҳмонон арзи миннатдорӣ кардааст.

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, зимни суҳбат масъалаи сохтмони НОБ - Себзор баррасӣ гардида намояндагони Бонки Рушди Олмон иброз доштаанд, ки ба хотири шурӯъ намудани корҳои сохтмони имрӯз гузаронидани бояд якчанд тадқиқотҳо гузаронида шаванд, чунки мувофиқи стандартҳо ва талаботҳои байналмиллалӣ шурӯъ намудани корҳои сохтмони бе тадқиқот номумкин мебошад.

Олмон сохтусози нерӯгоҳи "Себзор"-ро сармоягузорӣ мекунад

"Айни замон тадқиқотҳои оиди таъсири сохтмони НОБ- Себзор ба муҳити зист, ҳаёти иҷтимоӣ мардум, кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ, сохтмони канал ва обанбор ва дигар масъалаҳо идома доранд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин тендер барои қабули мушовирони хориҷӣ ва дохилӣ, лоиҳаҳои иншоот бо тамоми мушаххасоти ҷузвӣ, қабули мутахассисони лоиҳа идома дорад.

Гуфта мешавад, дар нақша аст, ки қабули ҳамаи кадрҳои лозимӣ то охири моҳи ноябр ҷамъбаст гардад. 

Сохтмони асосиии неругоҳ дар семоҳаи дуюми соли 2020 оғоз мегардад. Ширкатҳои сохтмони тавассути тендери байналхалқӣ интихоб карда мешаванд. 

Ёдовар мешавем, ки НОБ - Себзор бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ сохта ва истифода дода хоҳад шуд. Дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷ донори хориҷи саҳмгузор хоҳанд шуд. Аз ҷумла давлати Олмон тавассути Бонки Рушди Олмон (БРО), USAID Амрико, Созмони Аврупо, СЕКО- Швейтсария ва Бонки Ҷаҳонӣ мебошанд. Маблағи умумии барои сохтмони НОБ- Себзор 35,6 млн долларро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0