COVID- 19 тӯй ва талоқро дар Тоҷикистон кам кард

Обуна шудан
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ тайи шаш моҳи соли равон дар шароити пандемия теъдоди тӯйу талоқ коҳиш ёфт

Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, тайи 6 моҳи соли равон 30 ҳазор ақди никоҳ баста шуд. Дар ҳоле, ки ин нишондод дар нимсолаи аввали соли гузашта ба 33 ҳазор ҳолат баробар буд.

Человек пишет СМС о разводе - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи никоҳу талоқ тавассути телефон

Коҳиши хонадоршавӣ ба маҳдудияти марбути коронавирус рабт дода мешавад, ки баргузории тӯйҳо як муддат мамнӯъ буд.

Дар ҳамин ҳол аз ҳампошии хонаводаҳо низ дар Тоҷикистон кам шудааст. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия гуфт, тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 адад кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ  ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд. Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд

Номбурда гуфт,  бештари ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Cуғд ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 1922 мерасад.

Омори ҷудошавии оилаҳо дар ВМКБ ба 80 адад,  дар чор навоҳии пойтахт ба 930 ҳолат ва дар ноҳияҳои теби марказ ба 1323 ҳолат баробар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0