“Фоизҳои ҳисобношуда”: зӯри Агентии зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба кӣ намерасад?

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТерминалы оплаты услуг. Архивное фото
Терминалы оплаты услуг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон операторҳои системаи пардохтро барои ситонидани фоиз аз интиқоли маблағи симкортҳо 94 ҳазору 655 сомонӣ ҷарима кардааст, аммо ахириҳо ба кори худ идома медиҳанд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Абдулмаҷид Мӯминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, операторҳои системаи пардохт қарори ҳукумати Тоҷикистонро нақз карда, ҳамоно ситонидани фоиз аз маболиғеро, ки мардум ба симкортҳояшон мегузаронанд, идома медиҳанд.

Прохожие на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар истифодабарандаи интернету симкорт ҳаст

“Росташро бояд гуфт, ки агарчи чанде аз онҳоро ҷарима ҳам кардем, ҳамоно ба қонуншикании худ идома медиҳанд. Бархе фоизҳои худро сифр карданд, аммо бархеи дигар на. Мо ин масъаларо борҳо матраҳ кардаем, аммо ҳамоно роҳи ҳал пайдо нест”, - гуфт Абдумаҷид Мӯминзод.

Дар Тоҷикистон расман 12 ширкати операторҳои системаи пардохт фаъолият доранд, ки теъдоди номушаххаси посттерминалҳо – қуттиҳои электронии пулгузаронӣ дар саросари кишварро идора мекунанд. Сокинони кишвар, бахусус дар шаҳру марокизи навоҳӣ, маблағҳои худро ба ширкатҳои мобилӣ ва дигар хадамоти давлативу бонкӣ аз ин посттерминалҳо интиқол медиҳанд.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, аз ин маболиғ аз 1,5 то 4% фоиз ба суратҳисоби операторҳо мерезад. Бино ба ин манбаъ, бонку ташкилотҳои қарзии ”Бонки байнулмилалии Тоҷикистон” (103 посттерминал), “Ҳумо” (224), “Бонки  Эсхата”, “Имон – интернешнл”, “Алиф – сармоя”, “Халиқ Бонк”, “Душанбе сити – Экспресс пей” дар ҳоли ҳозир фоизҳои худро сифр кардаанд, аммо ширкатҳои “Пардохт-ТҶ” (915), “Пайванд Гуруҳ” (1000), “Зудамал” (34), “Тех Тамвил” (40), “Хазинаи электронӣ” (250) ҳанӯз на.

Қарор барои нақз

Ҳоло баҳс сари ин аст, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, ки 30 апрели соли 2016 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон имзо шудааст, ин як амали ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад. Дар сархати 3 – и банди 14 – и боби 4 – и ин санад - “Гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён)” омадааст, “фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад”.

Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пеши мардум ҷавоб гӯянд: даъвати раисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба парлумон

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо он вуҷуд ки ниҳодаш бо операторҳои низоми пардохт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, моҳияти қарорро фаҳмондааст, бархе ҳанӯз онро риоя намекунанд.

“Онҳо барои пардохтҳо ҳам аз ширкати мобилӣ ҳақ меситонанд, ҳам аз муштариён фоиз. Ҳам аз соҳиби гов, ҳам аз харидор. Ҷолиб ин аст, ки ҷомиа ҳам аз қарор огоҳ нест ва намефаҳмад, ки аз ӯ ғайриқонунӣ фоиз ситонида мешавад”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои нақзи ин талаботи қарор тайи нимсолаи аввали соли равон ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” (9 688,89 сомонӣ), ширкатҳои “Пардохт-ТҶ” (25 295,18), “Пайванд” (50 059, 5 000, 2030) ва “Пардохти фаврӣ” (2 582, 70) – ро ба маблағи умумии 94 ҳазору 655 сомонӣ ҷарима кардааст. Ширкати “Пайванд” ҳам дафъаи сеюм барои нақзи талаботи моддаи 554 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – “иҷро накардани қарор (амрнома)-и мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ” ҷарима шудааст.

Акнун ин суол матраҳ аст, ки қарори ҳукумат соли 2016 имзо шудааст, аммо чаро то ҳол операторҳои системаи пардохт аз маболиғи интиқолҳо ба тавозуни симкортҳои муштариён фоиз меситонанд, аммо ҳеҷ ниҳоде ба ин қонуншиканӣ таваҷҷуҳ намекунад?

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 7 миллиону 25 ҳазору 830 симкорти алоқаи мобилӣ сабт шуда, теъдоди муштариёни фаъол 5 миллиону 325 ҳазору 978 мебошад.

Ташвиши дигар

Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон як соҳиби оператори системаи пардохт, ки қатъан нахост номашро зикр кунем, гуфт, посттерминалҳо ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд. Ба қавли ӯ, ин афрод ҳар як постерминал ё қуттии электронии пардохтро ба 5 ё 6 ҳазор сомонӣ харида, ба оператор муроҷиат мекунад, ки хизматрасонии барномавии онро анҷом диҳад.

“Созишнома мебанданд ва шахс посттерминал - қуттиҳоро дар кӯчаҳо мегузорад. Мардум софу содда аз пеши хонаи худ ба симкортҳояшон пул мегузаронанд. Маблағ сарф карда, ба марокизи хизматрасонӣ намераванд, ё он ҷо навбат намепоянд. Маблағ аз ширкатҳои мобилӣ ё дигар манобеъ аст. Посттерминал фоизи худро мегирад. Агар фоиз нагирад, вуҷуд дошта наметавонад, зеро ҳаққи барқу андозу дигар пардохтҳоро бояд адо кунад. Ҳоло агар фоиз гирифта нашавад, ширкатҳои мобилӣ 1 ё 1,5% медиҳанд, ки ин хароҷоти соҳибкорро намепӯшад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон дигар операторони системаи пардохт низ эътироф карданд, ки ситонидани фоиз аз маблағҳои тавозуни муштариён қонунӣ нест, аммо бо қатъи фаъолияти онҳо ин низом барҳам мехӯрад ва як ташвиш ё мушкили дигар барои мардум халқ мешавад.

“Тасаввур кунед, ки ҳамин рӯз посттерминалҳо аз кор монанд, чӣ мешавад? Қариб 70% ин хизматрасониро ширкатҳои пардохт ироа мекунанд. Бонку ташкилотҳое, ки бо фоизи сифр кор мекунанд, қудрати дар саросари кишвар гузоштан ва ҳам ҳамарӯза назорат кардани онҳоро надоранд. Маҳз соҳибкорони инфиродӣ аз уҳдаи ин кор мебароянд. Беҳтар аст, ки интихоб ба худи мардум дода шавад”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, суоле, ки боз ва бе посух мемонад, ин аст, ки агар кори ширкатҳои пардохт аз соли 2016 – пас аз қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон ғайриқонунӣ буд, ҳазорҳо ё шояд миллионҳо сомониии муштариён бо кадом асос ситонида шуд?

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷарима, Хадамоти алоқа огаҳ, аммо ба назар мерасад, коре аз дасташон сохта нашудааст. Боз кадом ниҳод бояд даст ба кор шавад, ки ҳам сихро насӯзонад, ҳам кабобро?

Лентаи хабарҳо
0