Пеши мардум ҷавоб гӯянд: даъвати раисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба парлумон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБег Сабуров, архивное фото
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, вақтҳои охир суолҳои зиёде дар бораи фаъолияти ширкатҳои мобилӣ дар кишвар пайдо шудаанд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Азизӣ, ки ахиран ҷаласаи парлумонро роҳбарӣ мекард, пешниҳод намуд, ки роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилии кишвар барои посух назди вакилони мардумӣ даъват шаванд.

Назар Одиназода на пресс-конференции Антимонопольной службы РТ 23 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Супориш ба Одиназода: нархбардориҳо бо президент ва намояндаҳои мардум мувофиқа шаванд

Ӯ таъкид намуд, ки  фаъолияти ширкатҳои мобилии дохилии ҷумҳурӣ беҳбудии хеле ҷиддиро металабад ва  умуман, масъа­лаҳои фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вақтҳои охир саволи зиёде ба миён овардааст.

“Биноан, пешниҳод менамоям, ки бо даъвати роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ соати парламентӣ доир карда шавад, то ин ки вакилони Маҷлиси намояндагон, ки интихобкардаи мардуми Тоҷикистон мебошанд, ба саволи худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, вазъ ва ҳолати воқеии соҳаи алоқаро ба интихобкунандагон расонанд”, - иттилоъ дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Абдуҷаббор Азизӣ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон дар бораи бекор кардани қарори Интернет ва амр ба муҷозоти масъулин

Ин даъват дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандони кишвар аз хадамот дар бахши алоқа шикоят доранд. Мизоҷони соҳаи алоқа дар Тоҷикистон аз нархҳои гарон, сифату суръати пасти интернет ва зиёд будани тасмимҳои ҳазмношудаи масъулин дар ин бахш шикоят мекунанд.

Ахиран мақомоти алоқа ва умури дохилӣ иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то моҳи август бо пешниҳоди шиносномаҳои нав симкортҳояшонро дубора ба қайд гиранд, чун дар акси ҳол фаъолияти симкортҳо қатъ хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон ин иқдомро ба далоили амниятӣ рабт додаанд.

Лентаи хабарҳо
0