ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик хабар додааст, ки ӯ боз падар шуд.
Ӯ дар саҳифаи Инстаграм навишт, ки имрӯз, 22 июл соҳиби писар шуд.
"Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисои азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навиштааст вай.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар шабакаи иҷтимоӣ бештар аз 500 нафар зери ин хушхабари овозхон шарҳ навишта, ӯро шодбош гуфтаанд.
Ёдрас мешавем, Фаридуни Хуршед собиқ ҳамсари овозхон Фарзонаи Хуршед соли гузашта баъди ҷудо шудан аз ӯ, бори севум издивоҷ карда буд.
Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.
Фаридуни Хуршед аз издивоҷи дувумаш соҳиби як писар ва як духтар аст.