Овозхони номдор Фарзона Хуршед бо ҳамсараш Фаридун Хуршед дар шоу консерти "Ҳамнафаси ишқ" таронаи наверо тақдим карданд, ки "Ҳабиби дилам" ном дорад.
Дар навор дида мешавад, ки сараввал Фарзона Хуршед, Фаридуни Хуршедро "дӯсти беҳтаринам" гӯён ба саҳна даъват мекунад. Сипас ин ду ҳанарманд дуэти нави худро пешниҳод мекунанд.
Дар шабакаҳои иҷтимои "дӯсти беҳтаринам" гуфтани Фарзона баҳси гармеро ба миён овардааст. Корбарон навиштаанд, ки "дӯсти беҳтаринам" гуфтани Фарзона, далели рост будани хабарҳои чанде пештар паҳншуда аст. Аммо шарҳ надодаанд, ки кадом хабарро дар назар доранд. Бархе аз корбарон навиштаанд, "ба баҳс кашидан ҳаёти шахсии одамон, ҳарчанд, ситора бошанд ҳам, кори хубе нест".
Пештар ин овозхони попи тоҷик эълон карда буд, ки ду руз-19 ва 20-уми октябр бо Шабнам Сурайё ва модарашон — Сурайё Қосимова дар Амфитеатри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.
Аммо бо далоли номаълум ин барнома лағв гардида буд.
Фарзона Хуршед далели ба таъхир афтидани консертро кам будани вақт барои омодагӣ ба он номид. Ҳамин тавр консерти "Ҳамнафаси ишқ" рӯзҳои 13, 14, 15-уми ноябр дар Амфитеатр баргузор шуд.