Барои хонандагони макотиби ВМКБ имсол 152 квотаи президентӣ ҷудо гардид

© Правительство ГБАОПресс конференция Министерство образования в ГБАО
Пресс конференция Министерство образования в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи фаъолияти соҳаи маорифи вилоят гузориши пурра ироа кард

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Тибқи иттилои дастгоҳи раиси ВМКБ, барои соли таҳсили 2020 - 2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ВМКБ 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст.

Гуфта мешавад, ки яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Тибқи гузориши манбаъ, теъдоди кудакистонҳо дар маҷмӯъ 26 адад бо фарогирии 2110 тарбиягиранда ва шумораи Марказҳои рушди барвақтии кӯдак 283 адад (нисбати ҳамин давраи соли 2018 теъдоди 16 марказ ва 275 тарбиягиранда зиёдтар), ки 6465 тарбиягирандаро дар бар мегирад, ташкил медиҳад, ки ин 41,2 фоизи фарогирии кӯдакони синни томактабиро дар вилоят дар бар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тасодуфию камсаводҳо нагиранд: Президент квота барои ВМКБ-ро 2 баробар зиёд кард

Айни ҳол дар ВМКБ 312 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошанд, ки аз онҳо 65 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 42 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 205 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар онҳо 38123 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 5649 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.

Шумораи 26 нафар хонандагон гирандаи стипедияи Президентӣ ва 10 нафар хонанда гирандаи стипедияи Раиси вилоят мебошанд.

Ҷамъбасти сатҳи сифати дониши хонандагони МТМУ-и вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи ҳисоботи пешниҳодгардидаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят сатҳи дониши 2854 -хонанда мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки сатҳи сифати дониши хонандагон 48,1 %, азхудкунӣ 91%-ро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи соли 2020 аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 9-муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дода шуд.

Тибқи ҳисоботи ММТ-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 – 2020 аз теъдоди 2701 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ, 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд, ки ин дар маљмўъ 84,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунини дигар хатмкардагони солҳои пешин 585-нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ин дар маҷмўъ 105,8 фоизро дар бар мегирад.

Бо илова ба ин 90 нафар хонандагони синфи 9 –и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят тариқи Маркази миллии тести ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 2 нафарашон хатмкунандагони солҳои пеш мебошанд.

Барои соли таҳсили 2020- 2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоят 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин теъдод нисбати ноҳияҳо чунин аст: Барои ноҳияи Дарвоз 18 адад, барои ноҳияи Ванҷ 23 адад, барои ноҳияи Рушон 23 адад, барои ноњияи Шуғнон 17 адад, барои ноҳияи Роштқалъа 21 адад, барои ноҳияи Ишкошим 26 адад ва барои ноҳияи Мурғоб 25 адад пешбинӣ гардидааст. Моҳи июни соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардида, 140 нафар хатмкунанда соҳиби квотаи Президентӣ гардиданд.

Инчунин 40 адад квотаи Президентии иловагӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 10 адад квотаи иловагӣ ба ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0