Тасодуфию камсаводҳо нагиранд: Президент квота барои ВМКБ-ро 2 баробар зиёд кард

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти вазъи ВМКБ квотаи президентӣ барои вилоятро соли равон 2 баробар бештар кардааст

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон шароит ва эҳтиёҷи махсуси кӯҳистонро ба эътибор гирифта, имсол квотаи президентиро барои ВМКБ ду маротиба зиёд - 244 адад муқаррар намуд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъини муовини нави Маҳмадсаид Убайдуллоев

“Аз ин миқдор 94 адад ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар шаҳри Душанбе, 23 адад ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе, 41 адад ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, 16 адад ба Донишгоҳи аграрии кишвар рост меоянд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ аз қавли Файзов.

Файзов таъкид кардааст, ки афзудани шумораи квотаи президентӣ масъулияти мақомоти дахлдорро низ дучанд месозад.

“Яъне қабули довталабони квота ба донишгоҳҳои олӣ бояд шаффоф ва одилона сурат гирад, набояд шахсони тасодуфӣ, камсавод ба он соҳиб гарданд”, - изҳор доштааст раиси ВМКБ.

Файзов бо тавсиф аз ин иқдоми раисиҷумҳур сипосгузории худро ба роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон баён доштааст.

Лентаи хабарҳо
0