Ӯзбекистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард: дар Тоҷикистон кай маълум мешавад?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯзбекистон нахустин рӯзи таҷлили Иди Қурбонро 31 - уми июл эълон кард. Маъмулан дар ин иди мусалмонӣ, ҳамасола дар Ӯзбекистон истироҳат эълон мешавад ва мардум онро ба таври тантанавӣ таҷлил мекарданд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон санаи яке аз ҷашнҳои асосии мусалмонон - Иди Қурбонро эълон кард.

Президент Ирана Хасан Роухани и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон раисҷумҳури Эронро ба Иди Қурбон табрик кард

Бар хабари идораи мазкур, дар Ӯзбекистон рӯзи аввали таҷлил аз ин ид ба 31 - уми июл рост меояд. Ҳамасола дар Ӯзбекистон чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ аз Иди Қурбон васеъ ҷашн гирифта мешуд. Аммо дар замони пандемия, таҷлили тантанавии Иди Қурбон зери суол мемонад.

Зимнан, то 1 август дар Ӯзбекистон қарантин эълон гардидааст ва аз ин рӯ, таҷлили тантанавии ин иди асосии мусалмонон низ манъ карда шудааст.

Таҷлили Иди Қурбон дар Эрон - гузориши аксӣ

Дар робита ба эълони қарантин дар Ӯзбекистон, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни ноҳияҳо маҳдуд карда шудааст. Гузашта аз ин, баргузориии ҳамагуна чорабиниҳои фароғатӣ низ манъ гардидааст.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Интизорӣ: Иди Рамазон кай маълум мешавад?

Ӯзбекистон инчунин, ҳузури одамони синну соли аз 60 - сола боло миёни омма қатъиян мамнӯъ кардааст.

Дар Тоҷикистон ҳоло санаи таҷлили Иди саиди Қурбон эълон нашудааст.

Иди Қурбон, яке аз идҳои мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

Лентаи хабарҳо
0