ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Рӯзи дақиқи Иди Рамазон рӯзи чаҳоршанбе, 20-уми май эълон хоҳад шуд.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶТ Афшин Муқим ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфти манбаъ, дар асоси тавсияи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти вазъи феълӣ дар рӯзи Иди саиди Фитр намози дастаҷамъонаи Ид баргузор карда намешавад.
Иди Рамазон яке аз ҷашнҳои марказии мардуми мусалмон ба шумор меравад. Тибқи тақвими мусалмонӣ рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд.
Рамазон - 2020 дар Тоҷикистон: тақвим аз аввал то охир
Рӯзҳои Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои Уламои кишвар анҷом медиҳад.
Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз рӯзи 24 апрел оғоз шуд. Дар давоми ин моҳи муборак мусалмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану ошомидан худдорӣ мекунанд.